Ҷазои сахти Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба Зелимхон Юсупов

Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод Зелимхон Юсуповро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот ба муддати 4 сол маҳрум кард. Зелимхон Юсуов аз ҷониби комиссияи зидди допинг ба истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар гунаҳкор дониста шудааст. Моҳи майи соли равон баъди қуваозмоии финалӣ […]



Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод Зелимхон Юсуповро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот ба муддати 4 сол маҳрум кард.

Зелимхон Юсуов аз ҷониби комиссияи зидди допинг ба истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар гунаҳкор дониста шудааст.

Моҳи майи соли равон баъди қуваозмоии финалӣ дар мусобиқоти қаҳрамони Осиё дар Қатар аз Зелимхон Юсупов барои ташхис пешоб гирифта шуда, натиҷаи он нишон додааст, ки дар бадани варзишгар доруи истифодааш манъшудаи «диметилбутиламин» вуҷуд доштааст. Ин дору дар рӯйхати маводи манъшудаи Агентии байнулмилалии зидди допинг (WADA) зикр гардидааст.

Ҳамин тариқ Зелимхон Юсупов аз медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё маҳрум гардида, он ба варзишгари қирғиз Эламан Догдурбек уулу супурда мешавад.

Ғайр аз ин, Зелимхон Юсупов аз гирифтани стипендия дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА, кидар доираи омодагӣ ба озиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дастрас мекард, низ марҳур карда мешавад.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пайи моҷарои допинг Зелимхон Юсуповро аз рӯйхати номзадҳо ба дастаи мунтахаби олимпӣ инз хориҷ кардааст.

Зелимхон Юсупов зода ва сокини Ҷумҳурии Доғистони Русия буда, ба узвияти дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба сифати «леионер» пазируфта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.