Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қазоқистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон ба президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии сарвари давлати Тоҷикистон ба сатҳи муваффақонаи шарикии Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир баҳои баланд дода мешавад «Мехоҳам азмамонро дар мавриди равона кардани тамоми кӯшишҳои […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон ба президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии сарвари давлати Тоҷикистон ба сатҳи муваффақонаи шарикии Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир баҳои баланд дода мешавад

«Мехоҳам азмамонро дар мавриди равона кардани тамоми кӯшишҳои зарурӣ барои тавсеаи ҳамаҷониба ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду давлат, ки ба баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳавасмандии ҷонибҳо асос ёфтааст, изҳор намоям», – омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки «дар якҷоягӣ мо метавонем он тавофуқотеро, ки зимни сафари расмии каме қаблии Шумо ба Тоҷикистон ба даст омаданд, дар амал татбиқ намоем ва бо роҳи ҳамкории дуҷониба ба пеш ҳаракат кунем».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.