Арзи сипоси Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркманистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқия ирсол намуда, ба ӯ барои ирсоли кумаки башардӯстон ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ миннатдорӣ изҳор намуд. «Аз Ашхобод бо таассуроти бузург аз ҷашни умумихалқӣ бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон баргашта, мо дар бораи расидани ёрии башардӯстона ба Душанбе, ки бо супориши Шумо барои […]

АМИТ "Ховар"



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқия ирсол намуда, ба ӯ барои ирсоли кумаки башардӯстон ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ миннатдорӣ изҳор намуд.

«Аз Ашхобод бо таассуроти бузург аз ҷашни умумихалқӣ бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон баргашта, мо дар бораи расидани ёрии башардӯстона ба Душанбе, ки бо супориши Шумо барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, бо миннатдорӣ хабар ёфтем», – қайд мешавад дар барқия.

Гуфта мешавад, сарвари давлати Тоҷкистон зикр кардааст, ки «мо ин иқдомро ҳамчун як нишонаи дастгирии ҳамдигарии анъанавии бародарона, ки саршор аз муносибатҳои ғании бисёрасра миёни мардумони тоҷику туркман аст, мешуморем».

«Мутмаинем, ки ин дастгирии бародарона кумаки хубе дар кӯшишҳои бартараф сохтани оқибатҳои заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кишвари мо хоҳад буд. Он фавран ба ноҳияҳои аз офати табиӣ хисоротдида равона шуда, барои эҳтиёҷоти аҳолии зарардида ва ҳамчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ истифода мешавад», – изҳор мегардад дар барқия.

Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, дар робита ба заминларзаи рӯзи 7 декабр дар ВМКБ, ки бар асари он ба ин минтақа хисороти зиёд расид, Ашхобод ба Душанбе кумаки башардӯстона ирсол намуд.

Кумаки башардӯстона бо ташаббуси президенти Туркманистон дар 22 вагони роҳи оҳан фиристода шудааст, ки аз 1 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 134 тонна орди нави 1-ум, 12 тонна равғани растанӣ ва 120 тонна арматураи сохтмонӣ иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер