Муҳлати қайди падари Умаралӣ Назаров дар Русия ба охир расид



Консулгарии Тоҷикистон ба Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Снкт-Петерург муроҷиат карда, дархост намудааст, ки бо тартиботи махсус муҳлати будубоши Рустам Назаров дар қаламрави Русия дароз карда шавад.

– Муҳлати қайди Рустам Назаров дар Русия ба охир расидааст. Зимни ба ватан рафтан барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дароз кардани муҳлати будубош, барои нақзи қонуни муҳоҷират, ба таври автоматӣ имкони бозгашти ӯ ба Русия муддати 5 сол қатъ карда мешавад. Чун Рустам дар парванда аз рӯи далели марги писараш Умаралӣ Назаров дар маркази Симбалин ба сифати ҷабрдидаэътироф шудааст, усулан муҳим аст, ки ӯ бояд ба иштирок дар мурофиаи судӣ зимни баррасии парванда имкон доша бошад, – гуфтаст ба Life 78 як манбаъ аз консулгарии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи адвокатҳои волидони Умаралӣ Назаров, муфаттишон то ҳанӯз ба онҳо барои шинос шудан маводи ташхисро надодаанд, рӯзи ҷумъаи наздик сабабҳои марги кӯдак расман пешниҳод карда мешаванд.

Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар маркази Симбалини шаҳри Санкт-Петербург шаби 14 октябр фавтида, табибон сабаби марги ӯро ба бемории ситамегаловирус нисбат доданд.

Чанде пештар аз ин фоҷеа волидони Умаралиро барои нақзи қонунгузории муҳоҷират боздошт намуда, тифлро аз дасти онҳо гирифта буданд. Суд оид ба хориҷ шудани молдари кӯдак – Зарина Юнусова аз Русия қарор содир намуд. Ӯ рӯзи 16 ноябр ба Тоҷикистон арҳсипор гардида, ҳамон рӯз ҷасади Умаралии хурдсолро ба хок супурданд.

Мақомоти прокуратураи Санкт-Петербург аз рӯи далели марги кӯдак санҷиш гузаронида, муайян кардааст, ки волидони тифли фавтида дар бинои барои иқомат ғайриқобили қабул зиндагӣ карда, тифл пеш аз муҳлат ва бо бемориҳои зиёди кӯҳнашуда ба дунё омадааст.

spot_imgspot_img

Популярное