Ташкили пойгоҳи ягонаи электронии аъзои ҲХДТ

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳои худ беш аз 281 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад. Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 28 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафҳои ҳизб пайвастаанд, ки 15 ҳазору 700 нафарашонро занон […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳои худ беш аз 281 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад.

Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 28 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафҳои ҳизб пайвастаанд, ки 15 ҳазору 700 нафарашонро занон ва 11 ҳазору 590 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бино ба гуфтаи номбурда, айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 4 ҳазору 187 адад ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ фаъолият доранд.

«Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, ки санаи 4 декабр доир гардид, раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки зимни қабули аъзои нав ба сафҳои ҳизб эҳтиёткор мебояд буд ва ба сифатҳои шахсии номзадҳо, донишу садоқати онҳо ба афкору ҳадафҳои ҳизб таваҷҷуоҳир намудан зарур аст», – қайд кард Солиев.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин ҷаласа пешвои ҳизб назди Кумитаи иҷроияи марказӣ вазифа гузоштааст, ки пойгоҳи ягонаи электронии аъзои ҲХДТ ташкил карда шавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 281 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.