Вохӯриҳои судманди Шукурҷон Зуҳуров дар Давлати Кувайт

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари корӣ дар Давлати Кувайт қарор дорад, рӯзи 21 декабр бо Валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқот кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ,  дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мавриди баҳсу баррасӣ […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари корӣ дар Давлати Кувайт қарор дорад, рӯзи 21 декабр

бо Валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ,  дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки мардуми тоҷик сарфароз гардидани Амири Давлати Кувайт аълоҳазрат шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ҷоизаи “Пешвои башардӯст” аз тарафаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар таърихи 9 сентябри соли 2014 ва номгузорӣ шудани Давлати Кувайт ҳамчун “Маркази ҷаҳонии амали башардӯстона”-ро бо самимияту ифтихор пазируфтанд.

Аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ роҷеъ ба вазъи минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистони ҳамсояи мо изҳори андеша намуда, нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амнияту субот дар минтақа муҳим арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин

бо Раиси Парлумони (Маҷлиси Умма)-и ин кишвар ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним

мулоқот ва масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сохтмонӣ, туризм, башардӯстона ва фарҳанг муҳокима шуданд.

Зимни мулоқоти Ш.Зуҳуров

бо нахуствазири Давлати Кувайт

Шайх Ҷобир Ал-Муборак Ал-Ҳамад Ас-Сабоҳ масоли густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чонибҳо атрофи масоили ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим миёни Душанбе ва Кувайт, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, таҳвили оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарайн табодули назар намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.