Дар пайи халосии хешаш дар Русия як тоҷик худ паси панҷара шуд



Як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи халоси хешаш дар вилоти Калугаи Русия, худ паси панҷара шудааст.

Бино ба иттилои

Кумитаи тафтишоти ФР

рӯзи 23 декабри соли равон дар ҷараёни тадбирҳои санҷишӣ дар шаҳри Калуга кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд.

«Ба хотири аз ҷазои маъмурӣ халос кардани боздоштшуда, хеши ӯ дар кабинети хизматии корманди пулис ба ӯ дар ҳаҷми 1 ҳазор рубл пора медиҳад, аммо корманди пулис дар ин бора ба шуъбаи навбатдорӣ хабар додааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба корманди пулис пора пешниҳод кардааст, боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.

Худи ҳамон рӯз ба боздоштшуда дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 291, қ.3-и Кодекси ҷиноии Русия (додани пора ба шахси мансабдор барои дидаву дониста содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ) айбнома пешниҳод шудааст.

Дар Кумитаи тафтишоти Русия изҳор кардаанд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин далел идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное