Даргузашти муаллифи суруди «Республикаи ман»



Пас аз бемории тӯлонӣ оҳангсози маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов рӯзи 24 декабр дар синни 87-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Сайфиддинов Шарофиддин Сангинович соли 1929 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шуда, дар омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Ленинобод ва Сталинобод таҳсил кардааст. Соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи Маскавро хатм карда, ҳамзамон дар факултаи назарияи оҳангсозӣ низ таҳсил мекард.

Аз соли 1962 узви Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Соли 1962 Консерваторияи шаҳри Тошкандаро хатм карда, тӯли солҳои 1960-1962 ба ҳайси директори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе кор кардааст.

Давоми солҳои 1962-1984 вазифаи раисии Иттифоқи оҳангсозони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон дарс мегуфт. Академияи ҳунари мусиқӣ (Хуҷанд), феълан факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷандро таъсис додааст.

Миёни тамоми шеърҳое, ки оҳанг бастааст, суруди «Республикаи ман» бештар ба Шарофиддин Сайфиддинов шуҳрату  маъруфият овард.

spot_imgspot_img

Популярное