Ҳусайнӣ бо 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор мешавад

Мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз моҳи сентябр боз дар боздошт қарор дорад, бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст. Радиои Озодӣ бо такя ба як манобеъаш дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ду рӯз пеш мақомоти тафтишотӣ ба вакили мудофеи […]

ASIA-Plus



Мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз моҳи сентябр боз дар боздошт қарор дорад, бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст.


Радиои Озодӣ

бо такя ба як манобеъаш дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ду рӯз пеш мақомоти тафтишотӣ ба вакили мудофеи Саидумар Ҳусайнӣ аз поёни раванди тафтишот ва эълони айбнома хабар додаанд.

Ситора Азизова – вакили расмии Саидумар Ҳусайнӣ аз сӯҳбат бо матбуот дар бораи ҷузъиёти парвандаи муваккилаш худдорӣ кардааст. Пайвандони Ҳусайнӣ низ баъди даъват шуданашон ба як “сӯҳбат” бо мақомот аз ҳар навъ тамос бо хабарнигорон иҷтиноб меварзанд.

Бо истинод ба манбаъҳои худ Радиои Озодӣ моддаҳоеро, ки мутобиқи он ба Саидумар Ҳусайнӣ айбнома эълон шудааст, номбар мекунад: ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; иштирок дар ин иттиҳод; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳалгароӣ; даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон; тахрибкорӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш,  одамкушӣ, терроризм, ҷалби одамон барои истисмор ва бисёрзанагӣ.

Гуфта мешавад, дар қонунҳои Тоҷикистон барои ин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, дар авоили моҳи оянда парвандаи Саидумар Ҳусайнӣ бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 16-17 сентябр сохторҳои қудратии Тоҷикистон 13 тан аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ин ҳизбро боздошт намуданд. Ҳамаи боздоштшудагон ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карда шуданд, ки моҳи сенябри соли равон ба ноамн шудани вазъ дар ҷумҳурӣ даст дошт.

Баъди чанд рӯз Суди олии Тоҷикистон бо дархости Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.