Тобистони соли равон Туркия бо 89 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки миёни кишварҳо низоми бидуни раводид амал мекард, реҷаи равуо тариқи раводид (виза)-ро ҷорӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои туркӣ бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар иттилоъ медиҳанд. Аз ҷониби Туркия ҷорӣ кардани низоми раводид яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо аст.
Миёни кишварҳое, ки Туркия бо онҳо низоми раводид ҷорӣ мекунад, ҳамчунин Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русия низ ҳузур доранд. Низоми раводид аз моҳи июни соли 2016 мавриди амал қарор мегирад.
«Тирамоҳи ҳамин сол Туркия ба низоми бидуни раводид бо Иттиҳоди Аврупо соҳиб мешавад ва яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо маҳз дар он ифода меёбад, ки низоми бидуни раводид бо кишварҳое, ки бо Иттиҳоди Аврупо чунин созишнома надоранд, бекор карда шавад. Масалан, барои шаҳрвандони Гурҷистон, Молдова ва Украина Туркия метавонад чунин қарор қабул накунад, зеро онҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар ин хусус шартномаи дахлдор доранд», – гуфтааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия.
Қобили зикр аст, ки Туркия баҳри ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвараш бо бисёре аз кишварҳо низоми бидуни раводид ҷорӣ карда буд.
Низоми равуои шаҳрвандон бидуни раводид миёни кишварҳо бо Тоҷикистонро Туркия соли 2007 ҷорӣ намуда буд. Айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Turkish Airlines»-и Туркия миёни Тоҷикистону Туркия парвозҳо анҷом медиҳанд. Паврози нахустини «Turkish Airlines» аз Хуҷанд ба Истамбул тобистони соли гузашта амалӣ гардида буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон алҳол ин маълумотро ба ҳеҷ гунае шарҳу тавзеҳ намедиҳад.





