Туркия бо Тоҷикистон реҷаи раводид ҷорӣ мекунад

Тобистони соли равон Туркия бо 89 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки миёни кишварҳо низоми бидуни раводид амал мекард, реҷаи равуо тариқи раводид (виза)-ро ҷорӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои туркӣ бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар иттилоъ медиҳанд. Аз ҷониби Туркия ҷорӣ кардани низоми раводид яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо […]



Тобистони соли равон Туркия бо 89 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки миёни кишварҳо низоми бидуни раводид амал мекард, реҷаи равуо тариқи раводид (виза)-ро ҷорӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои туркӣ бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар иттилоъ медиҳанд. Аз ҷониби Туркия ҷорӣ кардани низоми раводид яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо аст.

Миёни кишварҳое, ки Туркия бо онҳо низоми раводид ҷорӣ мекунад, ҳамчунин Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русия низ ҳузур доранд. Низоми раводид аз моҳи июни соли 2016 мавриди амал қарор мегирад.

«Тирамоҳи ҳамин сол Туркия ба низоми бидуни раводид бо Иттиҳоди Аврупо соҳиб мешавад ва яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо маҳз дар он ифода меёбад, ки низоми бидуни раводид бо кишварҳое, ки бо Иттиҳоди Аврупо чунин созишнома надоранд, бекор карда шавад. Масалан, барои шаҳрвандони Гурҷистон, Молдова ва Украина Туркия метавонад чунин қарор қабул накунад, зеро онҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар ин хусус шартномаи дахлдор доранд», – гуфтааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия.

Қобили зикр аст, ки Туркия баҳри ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвараш бо бисёре аз кишварҳо низоми бидуни раводид ҷорӣ карда буд.

Низоми равуои шаҳрвандон бидуни раводид миёни кишварҳо бо Тоҷикистонро Туркия соли 2007 ҷорӣ намуда буд. Айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Turkish Airlines»-и Туркия миёни Тоҷикистону Туркия парвозҳо анҷом медиҳанд. Паврози нахустини «Turkish Airlines» аз Хуҷанд ба Истамбул тобистони соли гузашта амалӣ гардида буд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон алҳол ин маълумотро ба ҳеҷ гунае шарҳу тавзеҳ намедиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.