Тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати раҳбарони ҲНИТ дар арафаи анҷомёбист

Тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати раҳбарони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти мили Тоҷикистон ва мақомоти прокуратура дар арафаи анҷомёбист. Дар ин бора ба Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, ин парвандаҳои ҷиноӣ ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии кишвар шояд ахири ҳамин моҳ […]



Тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати раҳбарони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти мили Тоҷикистон ва мақомоти прокуратура дар арафаи анҷомёбист. Дар ин бора ба Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, ин парвандаҳои ҷиноӣ ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии кишвар шояд ахири ҳамин моҳ ирсол карда шаванд.

Зимнан зикр гардид, ки аксари ҳабсшудагоне, ки ба ташкили исёни мусаллаҳона муттаҳам карда мешаванд, аллакай бо хулосаҳои тафтишот шинос гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки 17 сентябр Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

изҳороти расмӣ пахш намуд

, ки дар он раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳаммаслаки генерал Назарзода номбар шудааст.

Дар он зикр гардида буд, ки аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли ҷорӣ нисбат ба саркардагон ва ҳаммаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

Охири моҳи сентябр Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокурори генералии кишвар дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қонеъ намуда,

фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.