Кумаки Русия ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ

Русия ба аҳолии осебдида аз заминларзаи моҳи декабри соли гузашта дар ВМКБ кумаки башардӯстона ирсол мекунад. Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, кумаки мазкур дар доираи супориши ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, санаи 12 январи соли равон ба Душанбе оварда мешавад. Ҳаҷми кумаки башардӯстонаи ҷудошуда алҳол маълум нест ва дар […]



Русия ба аҳолии осебдида аз заминларзаи моҳи декабри соли гузашта дар ВМКБ кумаки башардӯстона ирсол мекунад.

Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, кумаки мазкур дар доираи супориши ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, санаи 12 январи соли равон ба Душанбе оварда мешавад.

Ҳаҷми кумаки башардӯстонаи ҷудошуда алҳол маълум нест ва дар назар аст, ки он тавассути ҳавопаймои Ил-76-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба пойтахти Тоҷикистон расонида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 7 декабри соли гузашта бар асари заминларзаи харобиовар дар қаламрави ВМКБ 1 ҳазору 327 манзил қисман ё пурра хароб гардида, 7 ҳазору 962 нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд.

Ҳамчунин аз ин заминларза иншооту зербинои муҳим, аз ҷумла роҳу муассисаҳои тиббӣ, мактабу нерӯгоҳҳои барқӣ низ осеб диданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.