Грантҳои ИМА барои рушди демократия дар Тоҷикистон

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе барои қабули лоиҳаҳо барои “Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия” барои соли 2016 озмун эълон мекунад. Дар маълумоти намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр мегардад, ки мақсад аз ин барнома дастгирӣ кардани лоиҳаҳо, ки барои рушди сохторҳои демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Қайд мешавад, ки грантҳо аксаран ба […]



Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе барои қабули лоиҳаҳо барои “Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия” барои соли 2016 озмун эълон мекунад.

Дар маълумоти намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр мегардад, ки мақсад аз ин барнома дастгирӣ кардани лоиҳаҳо, ки барои рушди сохторҳои демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Қайд мешавад, ки грантҳо аксаран ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ (СҒҲ) ҷудо карда мешаванд.

«Маблағи грант набояд аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ зиёдтар бошад, аммо имтиёз ба он ташкилотҳое, ки лоиҳаҳои монандро бо маблағи камтар амалӣ мегардонанд, дода мешавад.  Барои баррасии лоиҳа, довталабон бояд ҳатман дар бунёди ҷомеаи демократӣ саҳмгузор бошанд ва ё лоиҳаи пешниҳодшуда ба рушди он мусоидат кунад», – таъкид мешавад дар маълумоти сафорати ИМА.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи рушди демократия аз соли 2001 то инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.