Лоиҳаҳои сармоягузории ҳозираи Тоҷикистон аз 59 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми онҳо беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҳамин давраи соли гузашта 54 лоиҳа бо маблағи умумии 2,3 млрд. доллари ИМА дар ҳоли амалишавӣ қарор доштанд.
То 1 январи соли равон дар доираи амалисозии лоиҳаҳои амалкунанда 1,3 млрд. доллари ИМА маблағҳо азхуд шуданд, ки ба 53% аз ҳаҷми умумии ин воситаҳо баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, тӯли 9 моҳи соли 2015 ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 720 млн. доллари ИМА сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 20 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Аз ҷумла, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба миқдори 18 млн. доллари ИМА афзудааст.
Дар Кумита таъкид доштанд, ки сармоягузориҳои мустақим асосан ба соҳаи иктишофи геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба бахши алоқа, сохтмон, саноат ва кишоварзӣ ҷалб шуданд.


