Сокини ноҳияи Рӯдакӣ занро дар дарё ғарқ кард

Date:



Кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҳисор марди 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда нимаи рӯзи 11 январ бинобар сабаби  муноқиша бо зани 46-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, занро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху савор карда, ба ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва сипас лату кӯб намуда, ба дарёи Кофарниҳон партофтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зани ҷабрдида аз сабаби баста шудани роҳи нафас дар об ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...