Бо мақсади баррасии ҳолатҳои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои дигар ва пешгирии нашъамандӣ дар бинои Ҳукумати ноҳияи Ёвон бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон, муовинони раисони якчанд шаҳру ноҳияи вилоят ва раисони ҷамоатҳои ноҳияи Ёвон ширкат варзиданд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов оғоз гардид. Ҳангоми ҷамъомад қайд гардид, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ба даст омада дар соҳаи муқовимат ба сӯистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста бо онҳо, мушкилоти ҷалб намудани қисми муайяни аҳолӣ ба муҳити нашъамандон ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Тоҷикистон масъалаи доғи рӯз мебошанд. Ин аст, ки дуруст ба роҳ намондани фаъолияти сохторҳои дахлдори вазорату идораҳо махсусан дар маҳалҳо ба баландравии сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва зиёд гардидани сатҳи нашъамандӣ дар минтақаҳо оварда мерасонад.
Дар баромади худ муовини якуми Директори Агентӣ Самад Зафар қайд намуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва сӯистеъмоли он барои тамоми ҷомеа мушкилоти ҷиддиро ба бор овард, ки зарурияти қабули амалҳои ҷиддӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуниии маводи нашъаовар пеш омад.
Фаъолият дар самти пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор дар ноҳияи Ёвон нишон медиҳад, ки новобаста аз он, ки чорабиниҳои зиёди зиддинашъамандӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расонида бошанд ҳам, вале дар маҷмӯъ вазъи нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ то ҳол нигароникунанда аст.
Ин аст, ки мутобиқи омори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия, дар соли 2015 дар қаламрави ин кишвар барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 50 нафар сокинони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Тоҷикистон дастгир шудаанд. Дар соли 2014 бошад 107 нафар сокинони ноҳияи Ёвон барои интиқоли маводи нашъаовар дастгир шуда буданд, ки ин нишондод дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳама баланд мебошад.
Аз 50 нафар сокинони дастгиршудаи ноҳия 45 нафарашон ҷавонони аз 20 то 35 сола мебошанд. Ташвишовараш он аст, ки дар байни дастгиршудагон 3 нафар занон – сокинони ноҳияи Ёвон дастгир гардиданд.
Дар ҷаласа сабабҳо ва омилҳои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои хориҷӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Қайд гардид, ки яке аз омилҳои асоӣ – ин сатҳи пасти дониши ҳуқуқӣ муҳоҷирони меҳнатӣ, хоҳиши даромади муфт ёфтан мебошад.
Аз тарафи масъулин пешниҳод гардид, ки корҳои пешгирикунанда дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар масъалаи ҷалб намудан ба нашъамандӣ коҳида мебошанд, ташкил карда шаванд.
Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдори зерин қабул карда шуданд:
– аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилояти Хатлон баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои бетаъхир андешида шаванд.
– Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби сохторҳои дахлдори вилоятӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҷиҳати пешгирии нашъаҷаллобӣ ва нашъамандӣ дар ҳамаи ҷамоати деҳот, шаҳрак деҳаҳо, маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои тандурустӣ, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, касбӣ ва олӣ пайваста чорабинҳои пешгирикунандаи зиддимухаддиротӣ баргузор намоянд.
– Сохторҳои дахлдори мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ нақшаҳои корӣ таҳия ва ҷиҳати босифат иҷро гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ба аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон супориш дода шуд, ки ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолияти зерсохторҳои минтақавӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ чораҳои зарурӣ андешанд.


