Нобудсозии маҳсулоти зери карантин аз Тоҷикистону Озарбойҷон дар Перм

Дар вилояти Перми Русия соли гузашта ҳудуди 1,2 ҳазор тонна маҳсулоти зери карантин аз Тоҷикистону Озарбойҷон боздошту мусодира ва нобуд карда шуд. «Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Перм давоми соли 2015 дар фурудгоҳи Болшое Савино зимни санҷиши фитосанитарӣ вуруди 4,25 кило тухмии гулу бутта, ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ ва зироати техникӣ, 30 дона ниҳолҳои дархтони мевадор, 2078,039 кило […]



Дар вилояти Перми Русия соли гузашта ҳудуди 1,2 ҳазор тонна маҳсулоти зери карантин аз Тоҷикистону Озарбойҷон боздошту мусодира ва нобуд карда шуд.

«Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Перм давоми соли 2015 дар фурудгоҳи Болшое Савино зимни санҷиши фитосанитарӣ вуруди 4,25 кило тухмии гулу бутта, ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ ва зироати техникӣ, 30 дона ниҳолҳои дархтони мевадор, 2078,039 кило дигар маҳсулоти таркиби растанӣ – ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ, чормағз, хушкмева, ҷуворимакка, меваҳо ва ғайраро аз Озарбойҷону Тоҷикистон манъ ва онҳоро барои нобудсозӣ равона кард», – маълумот дода мешавад дар

сомонаи

расмии Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Перм.

Гуфта мешавад, маҳсулоти зери карантини мазкур тариқи бағочи дастӣ ва бор ба қаламрави Русия ворид карда шудааст.

«Дар робита ба гуфтаҳои боло ба таваҷҷуҳи шахсони манфиатдор расониданием, ки айни замон амали манъи муваққатии вуруди маҳсулоти зери карантин дар бағоч ва бори мусофирон аз Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома дорад. Аз ин рӯ ба вуруди маҳсулоти зери карантини аз кишварҳои зикршуда воридгардида ба қаламрави Русия роҳ дода намешавад», – қайд мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки дастури ҷорӣ шудани маҳдудияти муваққатии вуруди маҳсулоти зери карантин дар бағочу бори мусофирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2012 содир гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.