Баррасии масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар мубориза бо терроризм

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 18 январ бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Бираҷа Прасад мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни мулоқот Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки «Тоҷикистон ва Ҳиндустон мардумони дорои фарҳанг ва маданияти кӯҳан буда, байни ду давлат робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои […]



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 18 январ бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Бираҷа Прасад мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни мулоқот Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки «Тоҷикистон ва Ҳиндустон мардумони дорои фарҳанг ва маданияти кӯҳан буда, байни ду давлат робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба хуб ба роҳ монда шудаанд. Ҳамкориҳо дар доираи шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи баимзорасида, сол аз сол инкишоф меёбанд.

Дар соли 2001 Созишнома дар бораи ёрии ҳуқуқии байниҳамдигарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур ҳамкориҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус зидди терроризм, инчунин дар самтҳои мубодилаи иттилоот, иҷрои дархостҳо ва қарорҳо дар бораи гузаронидани кофтуков пешбинӣ менамояд.

Вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятии имрӯзаи ҷаҳон моро водор месозад, ки дар якҷоягӣ бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир муборизаи беамон барем».

Дар навбати худ ҷаноби Бираҷа Прасад изҳор дошт, ки «Мо ҳам ҷонибдори ҳамкориҳои васеъ ва ҳадафманди кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки баҳри тақвияти онҳо дар ҳама самтҳо кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳем».

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.