Имкони душвортар шудани дастрасии раводиди ИМА ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Сенатори амрикоӣ аз штати Кентукки Рэнд Пол, ки ба курсии президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ довталабӣ мекунад, лоиҳаи қонунеро таҳия намудааст, ки мутобиқи он Тоҷикистон ба феҳристи «кишварҳои ниҳоят хатарнок» шомил мегардад. Сенатор пешниҳод кардааст, ки барои тоҷикистониён дастрасии раводиди ИМА шадидтар гардонида шавад. Ба рӯйхати «кишварҳои ниҳоят хатарнок» ҳамчунин ҳамсоякишварҳои наздики Тоҷикистон – Ӯзбекистон, […]

ASIA-Plus



Сенатори амрикоӣ аз штати Кентукки Рэнд Пол, ки ба курсии президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ довталабӣ мекунад, лоиҳаи қонунеро таҳия намудааст, ки мутобиқи он Тоҷикистон ба феҳристи «кишварҳои ниҳоят хатарнок» шомил мегардад. Сенатор пешниҳод кардааст, ки барои тоҷикистониён дастрасии раводиди ИМА шадидтар гардонида шавад.

Ба рӯйхати «кишварҳои ниҳоят хатарнок» ҳамчунин ҳамсоякишварҳои наздики Тоҷикистон – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия низ дохил карда шудаанд.

«Ба конгресси ИМА лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки дар он Русия ба феҳристи «кишварҳои ниҳоят хатарнок» шомил шуда, аз он ҷо ба ИМА террористон омада метавонанд. Дар санад баррасии дархост барои раводид аз ин кишварҳо на камтар аз 30 рӯз дар назар буда, ҳамчунин тақвияти назорат аз болои гурезаҳо аз ин давлатҳо пешбинӣ шудааст. Ин тағйирот ба Департаменти давлатӣ барои дар сурати зарурат моратория гузоштан ба қабули муҳоҷирон аз кишварҳои «номгӯйи начандон хуб», ки ба он дар қатори Русия Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва боз 30 кишвари африқоӣ шомиланд, ҳуқуқ медиҳад. «Санади амният» аз ҷониби сенатор аз штати Кентукки, ҷумҳурихоҳ Рэнд Пол таҳия шудааст», – менависад нашрияи

«Известия»

.

Гуфта мешавад, мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур, Департаменти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати амнияти дохилӣ бояд пайгири он бошанд, ки ба афроди аз «кишварҳои таҳдид» воридшаванда раводид на камтар аз 30 рӯз ё то анҷоми комили «санҷиши васеъи бехатарӣ» дода шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ба рӯйхати «кишварҳои ниҳоят хатарнок» мутобиқи лоиҳа ба ҷуз Тоҷикистон, боз кишварҳои «Афғонистон, Алҷазоир, Баҳрайн, Бангладеш, Миср, Эритрея, Индонезия, Эрон, Ироқ, Урдун, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Либия, Мали, Марокко, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Уммон, Покистон, Русия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сомали, Судон, Сурия, Тунис, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Яман ва қаламрави Фаластин дохил шудаанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.