«Озодӣ» дар бораи таҷаммӯъи ҷангиёни тоҷик дар сарҳад

Мақомоти ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Қундуз аз ҳузури 200 ҷангии хориҷӣ, аз ҷумла 40 тоҷикистонӣ дар ин минтақа хабар дода, мавҷудияти онҳоро ҳам барои Афғонистон ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарбор медонанд. Имомуддин Қурайшӣ, раиси ноҳияи Имом-Соҳиб, дар сӯҳбат бо бахши дарии Озодӣ гуфтааст, ки бар асоси иттилои мақомоти амниятии Афғонистон, “ҷангиёни тоҷик асосан дар кори […]

Радиои Озодӣ



Мақомоти ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Қундуз аз ҳузури 200 ҷангии хориҷӣ, аз ҷумла 40 тоҷикистонӣ дар ин минтақа хабар дода, мавҷудияти онҳоро ҳам барои Афғонистон ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарбор медонанд.

Имомуддин Қурайшӣ, раиси ноҳияи Имом-Соҳиб, дар сӯҳбат бо бахши дарии

Озодӣ

гуфтааст, ки бар асоси иттилои мақомоти амниятии Афғонистон, “ҷангиёни тоҷик асосан дар кори минасозӣ барои Толибон хидмат карда, таҳти фармондеҳии нафаре бо исми “Мустафо Тоҷик” қарор доранд”.

Ӯ гуфтааст, “касоне, ки ҳамлаҳои интиҳорӣ, мина ва инфиҷорро созмондиҳӣ мекунанд, ҳама хориҷиҳо ҳастанд. Инженерони тоҷикистонӣ ҳастанд, ки барои Толибон минаҳо тайёр мекунанд.”

Бино ба қавли раиси ноҳияи Имом-Соҳиб, “ин ҷангиёни хориҷӣ ҳатто дар он сӯи дарёи Омӯ дар ҷангалҳои Тоҷикистон пойгоҳҳо сохтаанд ва замоне, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақа роҳандозӣ мешавад, бо убури дарёи Ому, вориди ҷангалҳои Тоҷикистон мешаванд.”

Аммо масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 2 феврал вуҷуди ҳамагуна пойгоҳҳои гурӯҳи террористии иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҷангалҳои манотиқи наздимарзӣ рад карданд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт: “Вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон комилан таҳти назорат қарор дошта ва гурӯҳи кӯчаки террористҳо наметавонад ба амнияти марз таҳдид кунанд”.

Вале Имомуддин Қурайшӣ мегӯяд, бояд ба ҳадафи поксозии комили ин минтақа аз ҳузури ҳамагуна унсурҳои зиддидавлатӣ як амалиёти густарда роҳандозӣ шавад.

Фаридун, як тан аз бошандагони минтақаи ҷангали вулусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундуз низ ба Озодӣ гуфт, ки ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ бо истифода аз симкортҳои мухобиротии Тоҷикистон бо нафароне дар  он кишвар дар тамос мешаванд ва онҳоро ба сафи худ даъват мекунанд. Ӯ гуфт: “Дар ҷангалҳои Имом-Соҳиб ҷангҷӯёни тоҷик ҷой гирифтаанд ва бо Толибон якҷоя фаъолияти террористӣ доранд. Масруфи минасозӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ҳастанд ва дар қаламрави ҷангал симкортҳои Тоҷикистон кор мекунад.”

Аз ин пеш низ теъдоде аз масъулони минтақаи Имом- Соҳиб шикоят карда буданд, ки минтақаии ҷангалҳои Имом-Соҳиб ба марказҳои омӯзиши террористони хориҷӣ ва дохилӣ мубаддал шудааст ва дар он ҷо ба наврасон ва кӯдакон дарси ҳамлаҳои интиҳорӣ ва минасозӣ таълим медиҳанд.

Ноҳияи Имом-Соҳиб яке аз бузугтарин вулусволиҳои вилояти Кундуз ба шумор меравад ва наздики 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин ноҳия дар фосилаи 70-километрии маркази вилояти Кундуз қарор дошта ва бо Тоҷикистон низ 70 километр сарҳади тӯлонӣ ва пӯшида дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.