Бесамарии гуфтушунидҳои тоҷикону туркманҳо оид ба қитъаи роҳи оҳани Афғонистон

Тоҷикистону Туркманистон дар масъалаи хатсайри қитъаи роҳи оҳани се кишвар дар Афғонистон созиш ҳосил карда наметавонанд. «Мутаассифона, имзои санади барномавӣ оид ба ин роҳ алҳол муяссар нашудааст, зеро бо Туркманистон баъзе масъалаҳои ҳалношуда дорем», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода. Ӯ қайд кард, ки дар қитъаи роҳ дар қаламрави Афғонистон […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистону Туркманистон дар масъалаи хатсайри қитъаи роҳи оҳани се кишвар дар Афғонистон созиш ҳосил карда наметавонанд.

«Мутаассифона, имзои санади барномавӣ оид ба ин роҳ алҳол муяссар нашудааст, зеро бо Туркманистон баъзе масъалаҳои ҳалношуда дорем», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода.

Ӯ қайд кард, ки дар қитъаи роҳ дар қаламрави Афғонистон ду хатсайр пешниҳод шуда, хатсайри кӯтоҳи он аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва масофааш 160 километрро ташкил медиҳад ва масофаи хатсайри нисбатан дарозтари аз ҷониби Афғонистон пешниҳодшуда, ки феълан ба он Туркманистон исрор меварзад, ба беш аз 500 километр баробар аст.

«Бо Афғонистон мо аз рӯи ҳамаи масъалаҳо тавофуқ ҳосил кардем, акнун мувофиқасозии баъзе ҳолатҳо бо Туркманистон боқӣ мондааст», – иброз дошт Ш.Ганҷалзода.

Вазир таъкид дошт, ки айни замон ҳукумати Туркманистон шартномаи дахлдоро меомӯзад, ки бояд аз ҷониби тарафҳо ба имзо расад. «Баъди имзои ин санад ба таҳияи созишнома дар бораи бевосита амалисозии лоиҳа имкон пайдо шуда, он ҳамчунин аз ҷониби сарони кишварҳо ба имзо мерасад», – афзуд вазир.

Қобили зикр аст, ки Туркманистон аллакай сохтмони қитъаи роҳи оҳан дар қаламрави кишвари худашро, ки 88 километрро ташкил медиҳад, ба итмом расонидааст. Айни замон ҷониби Туркманистон аз ҳисоби худ ба сохтмони қитъаи роҳи оҳан дар Афғонистон то шаҳри Андхой машғул аст.

Ҷараёни мувофиқасозии хатсайри ин роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон ҳанӯз аз нимаи аввали соли 2014 идома дорад.

Ёддошт оид ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони се кишвар ба имзо расида буд. Дар назар аст, ки Бонки осиёгии рушд маблағгузори лоиҳа хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.