Суди конститутсионии Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби парлумон пешниҳодшуда ба Конститусияи ҷумҳуриро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуданаш дар назар аст, маъқул шуморид.
Дар маълумоти Суди конститутсионӣ дар ин робита, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар интишор шудааст, гуфта мешавад, «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст».
Суди контситусионӣ қарор кардааст, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳр-вандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд.
«Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд», – омадааст дар маълумоти суд.
Қайд мешавад, ки бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ донист.
Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумон санаи 22 январ лоиҳаи тағйирот ба Конститусияи ҷумҳуриро баррасӣ намуда, қарор кард, ки мафҳуми «Сарқонун» аз матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешавад. Тағйирот барои хулосабарорӣ ба Суди конститутсионӣ фиристода шуд.
Дар иҷлосия қайд шуда буд, ки президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба мансаби сарвари давлат ба шумори номаҳдуд интихоб шуда метавонад.
Ғайр аз ин, ворид намудани тағйироту илова ба моддаи 28-и Конститутсия низ дар назар аст, ки ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дахл дорад. Аз ин модда бекор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ ва миллатгароӣ пешбинӣ мешавад.
Мутобиқи тағйироту иловаи пешбинишуда, синнусоли ягона ҳам барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ҳамчунин барои судяҳои Суди олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди олии иқтисодии Тоҷикистон – 30 сол муқаррар карда мешавад.
Айни замон меъёри синнусол барои вакилони палатаи поёнии парлумон – 25 сол ва аъзои палатаи болоии парлумон – 35 солро ташкил медиҳад.
Дар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда барҳам додани Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар назар аст. Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо масъулияти падару модарон назди фарзандон ва ҳамчунин фарзандон назди волидон пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд.



