Дар Душанбе Наврӯз чор рӯз ҷашн гирифта мешавад

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуда, дар он масоили марбут ба ҳалли мушкилоти кори нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини сокинони шаҳр бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдид ва чароғонсозии роҳҳо, таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва саривақт аз қаламрави шаҳр берун баровардани партовҳои маишӣ баррасӣ шуданд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, барои роҳ додан ба камбудиҳо директори муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо» Шералӣ Раҳмонов аз вазифааш озод карда шудааст.

Дар машварат ҳамчунин масъалаи омодагии пойтахт ба ҷашни Наврӯз баррасӣ шуда, қарор шудааст, ки чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март дар маҷмааи Наврӯзгоҳ доир гардида, дар он устодони санъати тоҷик, намояндагони ҳамаи маҳаллаҳои пойтахт иштирок мекунанд.

Тибқи қарори қабулшуда, рӯзи 22 март дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғати Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт ва консертҳо баргузор мешаванд. Дар ин рӯз дар маҷмааи Наврӯзгоҳ мусобиқаҳо оид ба гуштии миллӣ доир гардида, ҷоизаи асосӣ автомашинаи сабукрав хоҳад буд.

Санаи 23 март иди Наврӯз ддар сатҳи ноҳияҳои шаҳр ҷашн гирифта шуда, дар маҷмааи Наврӯзгоҳ пойгаҳои аспдавонӣ баргузор мешаванд ва ҷоизаи асосии ин мусобиқот аспи зотии даванди тоҷикӣ аст. Рӯзи 24 март дар тамоми шаҳр чорабиниҳои оммавии кабудизоркунӣ гузаронида мешаванд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...