КМИР 5 дастурамал барои баргузории раъйпурсиро тасдиқ кард

Таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар рӯзи 24 феврали соли 2016 ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласаи қаблии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  аз таърихи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар бораи ташкили 68 ҳавзаи раъйпурсӣ қарор қабул гардида буд. Дар ҷаласаи имрӯза […]

АМИТ «Ховар»



Таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар рӯзи 24 феврали соли 2016 ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласаи қаблии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  аз таърихи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар бораи ташкили 68 ҳавзаи раъйпурсӣ қарор қабул гардида буд.

Дар ҷаласаи имрӯза қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими давраи омодагиҳо ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ва тасдиқи ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад. Зеро комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дар ин раванд нақши басо муҳим доранд ва масъалаҳои гуногуни вобаста ба раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза ҳаллу фасл менамоянд.

Аз ин рӯ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ  дар 68 ҳавзаи раъйпурсӣ комиссияҳо ҳар кадом дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на кам аз 6 аъзо ташкил карда шуд.

Инчунин бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ намунаҳои муҳри комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ муқаррар ва тартиби иваз кардани аъзои комиссияҳои ҳавзавию участкавии раъйпурсӣ муайян карда шуданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва бо санадҳои ҳуқуқӣ таъмин кардани комиссияҳои раъйпурсӣ тибқи салоҳиятҳои қонунии худ дастурамалҳо таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи якхелаи қонунро таъмин карда, онро тавзеҳ медиҳад.

Бо ин мақсад бо қарорҳои КМИР 5 дастурамал ва як маҷмуаи саволу ҷавобҳо доир ба гузаронидани раъйпурсӣ тасдиқ карда шуданд. Дастурамалҳои мазкур бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба ҳамаи комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ дастрас карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.