«Зафар Бедняк» барои 110 ҳазор $ қарз кушта шудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти нави ҳодисаи кушта шудани Зафар Азимов , бештар ҳамчун «Зафар Бедняк» маълумот дод. Дар ин куштор Обид Мақсудов, писари директори корхонаи кабели Тоҷикистон Эмом Мақсудов гумонбари асосӣ дониста мешавад. Рӯзи чоршанбе, 24 феврал Вазорати корҳои дохилӣ тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ гузоршеро намоиш дод, ки дар он доир ба […]



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти нави ҳодисаи

кушта шудани Зафар Азимов

, бештар ҳамчун «Зафар Бедняк» маълумот дод. Дар ин куштор Обид Мақсудов, писари директори корхонаи кабели Тоҷикистон Эмом Мақсудов гумонбари асосӣ дониста мешавад.

Рӯзи чоршанбе, 24 феврал Вазорати корҳои дохилӣ тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ гузоршеро намоиш дод, ки дар он доир ба куштори соҳибкор барои қарзи пулӣ маълумот дода шуд.

Дар гузориш зимни баёнот додан Обид Мақсудов изҳор мекунад, ки сабаби куштани З.Азимов дар он аст, ки аз ӯ ба маблағи зиёд қарздор будааст. «Ӯ ба ман 110 ҳазор доллари ИМА қарздор буд. Ман ба ӯ инро фаҳмониданӣ шудам, вале ӯ ба гапҳои ман гӯш надода, ҳатоо ба ман дағалӣ кард. Баъди ин ман дигар худро идора карда натавонистам», – мегӯяд Обид Мақсудов дар гузориш.

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми куштани Зафар Азимов аз қайчӣ ба сифати силоҳи куштан истифода шудааст.

Ҳамчунин ВКД бархилофи маълумоти пешини худ аз 20 феврал дар бораи Обид Мақсудовро рӯзи дигар пас аз ҳодиса ба ихтиёри мақомоти супурдани падараш Эмом Мақсудов қайд кард, ки гумонбаршударо кормандони милитсия боздошт намудаанд.

Ғайр аз ин, ВКД иттилоъ медиҳад, ки пас аз содир намудани ҷиноят Обид Мақсудов дар яке аз манзилҳои зист дар Душанбе пинҳон шуда, ҳангоми боздошт аз ошёнаи дуюм худро ба замин афкандааст, ки дар натиҷа дасту пояш зарбу лат ёфтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.