Суғд: Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ ба гумони порагирӣ

Кормандони милитсия бо далели гирифтани пора корманди 35-солаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дастгир карданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда бо миёнаравии қаровули комиссариати ҳарбӣ, сокини маҳаллии 35-сола аз модари даъватшаванда ба сифати пора 3 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст. Гуфта мешавад, худи ҷавони 22-сола, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват […]



Кормандони милитсия бо далели гирифтани пора корманди 35-солаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дастгир карданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда бо миёнаравии қаровули комиссариати ҳарбӣ, сокини маҳаллии 35-сола аз модари даъватшаванда ба сифати пора 3 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст.

Гуфта мешавад, худи ҷавони 22-сола, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шавад, айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.