Шариф Назаров сармураббии «Хайр»-и Ваҳдат таъин шуд

Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Шариф Назаров, ки моҳи гузашта 70-солагиашро ҷашн гирифтаву бо роҳбарии ӯ дастаи «Помир»-и Душанбе соли 1988 ба Лигаи олии футболи Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта, тими миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст овард, пас аз танаффуси тӯлонӣ, ба кор дар дастаҳо баргашта, вазифаи сармураббигии дастаи «Хайр»-и шаҳри […]

ASIA-Plus



Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Шариф Назаров, ки моҳи гузашта 70-солагиашро ҷашн гирифтаву бо роҳбарии ӯ дастаи «Помир»-и Душанбе соли 1988 ба Лигаи олии футболи Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта, тими миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст овард, пас аз танаффуси тӯлонӣ, ба кор дар дастаҳо баргашта, вазифаи сармураббигии дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро ба уҳда гирифт.

Президенти дастаи «Хайр» Қутбиддин Хайров дар мусоҳиба ба хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон маълумоти таъини Шариф Назаров ба вазифаи сармураббигии дастаро тасдиқ намудааст.

Дар ин вазифа Исроил Идиев ва мураббии бозигар Мирзобек Мирзоев ба ӯ кумак мекунанд. Шариф Назарови 70-сола аллакай ба иҷрои вазифа шурӯъ намуда, бо дастаи нави худ якчанд тамрин гузаронидааст.

Қобили зикр аст, ки дар даври аввали мусобиқаи 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки 8 апрел оғоз мегардад, дастаи «Хайр» дар майдони худ тими «Ҳосилот»-и Фархорро қабул мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.