Ҳукумати Туркия ҷашнгирии Наврӯзро манъ кард

– Ҳукумати Туркия баргузор намудани чорабиниҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзро, ки миёни аҳолии курди ин кишвар ба таври густурда таҷлил мегардад, манъ кард, – иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба изҳороти расида аз Ҳизби демократияи мардумии курдҳо (фраксияи 3-юми парлумон бо 11%-и вакилон). «Имсол дар кишвари мо иди Наврӯз дар шароити душвор ҷашн гирифта […]

ASIA-Plus



– Ҳукумати Туркия баргузор намудани чорабиниҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзро, ки миёни аҳолии курди ин кишвар ба таври густурда таҷлил мегардад, манъ кард, – иттилоъ медиҳад


РИА Новости


бо такя ба изҳороти расида аз Ҳизби демократияи мардумии курдҳо (фраксияи 3-юми парлумон бо 11%-и вакилон).

«Имсол дар кишвари мо иди Наврӯз дар шароити душвор ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумат бо баҳонаҳои сохта ё бидуни шарҳи сабаб ва идома ба сиёсати манъкуниву фишор ба баргузор намудани чорабиниҳои идона иҷозат намедиҳад», – омадааст дар изҳороти ҳизб.

Ҳизби курдгаро ин манъкуниҳоро ғайриқонунӣ унвон карда, аз ҳукумат даъват кардааст, ки аз онҳо даст кашад. «Кӯшишҳои манъ кардани ҷашни Наврӯз ғайриқонунианд. Ин ид тӯли ҳазорҳо сол ҷашн гирифта мешавад. Мо аз ҳукумат даъват мекунем, ки аз ақли солим кор гирифта, таъмини баргузории ҷашнро дар вазъи оромиву амният таъмин кунад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.