Таҳкими ҳамкориҳо миёни бародаршаҳрҳои Хуҷанду Ӯш

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмонони вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали мэрии шаҳри Ӯш Замирбек Аскаровро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни мулоқот Р.Аҳмадзода зикр намуд, ки таърихи робитаи серҷабҳаи ин ду бародаршаҳр, Хуҷанд ва Ӯш барои рушди бемайлони ин ду маркази маъмурии вилоятҳои сернуфузи […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмонони вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали мэрии шаҳри Ӯш Замирбек Аскаровро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни мулоқот Р.Аҳмадзода зикр намуд, ки таърихи робитаи серҷабҳаи ин ду бародаршаҳр, Хуҷанд ва Ӯш барои рушди бемайлони ин ду маркази маъмурии вилоятҳои сернуфузи кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам оварда, намунаи ҳамкории судмандро дар содироти маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва масолеҳи  сохтмон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Бодкон ва Ӯш мушоҳида намудан мумкин аст.

Дар навбати худ меҳмонон ҳавасмандии худро доир ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ва таъсиси коргоҳҳои муштарак бо коргоҳҳои «Файзи Расул», Ассотсиатсияи «Кедр» ва дигар ширкатҳои сохтмонию истеҳсолӣ изҳор намуданд.

Бо истифода аз фурсат муовини аввали мақомти шаҳрдории Ӯш Замирбек Аскаров раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба таҷлили «Рӯзи шаҳри Ӯш», ки ҳамасола моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, даъват намуд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.