Афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

ASIA-Plus

Танҳо давоми 2 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 30 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра ҳолатҳои сабти ғоратгариҳо – 26,7%, дуздӣ – 21,4% ва ҳодисаҳои қасдан зарари ҷисмонӣ расонидан ба саломатӣ – […]



Танҳо давоми 2 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 30 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра ҳолатҳои сабти ғоратгариҳо – 26,7%, дуздӣ – 21,4% ва ҳодисаҳои қасдан зарари ҷисмонӣ расонидан ба саломатӣ – 1,8 баробар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, бақайдгирии ҳодисаҳои дуздӣ дар манзилҳо – 41,9%, порагирӣ – 18,4%, авбошӣ – 13,3%, куштори ё суиқасд ба куштор – 16,7%, қаллобӣ – 1,9% ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир – 12% коҳиш ёфтааст.

Давоми моҳҳои январ-феврали соли равон 534 ҷинояти иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3,4% камтар аст.

Тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ 60 ҳолати риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳалокат ва маҷрӯҳ гардидани ҷабрдидагонро дар пай доштааст.

Тайи 2 моҳи соли равон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 4,6 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба андозаи 3,6% зиёд аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...