КҲФ аз селу тарма ва борону ҷола ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки давоми рӯзҳои аз 31 март то 2 апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо боришоти борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани ҷола, дар […]



Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки давоми рӯзҳои аз 31 март то 2 апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо боришоти борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани ҷола, дар доманакӯҳҳо омадани сел, фаромадани тарма, сангрез ва ярч пешгӯӣ шудааст.

Зимнан аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда шудааст, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.