Кишварҳои ОМ вазъи сармоягузорӣ бо ИМА-ро баррасӣ мекунанд

Намояндагони воломақоми мақомоти давлатии Қирғизистон, ИМА, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои Созишномаи қолабӣ оид ба савдо ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва ИМА (TIFA), ки аз 4 то 6 апрели соли ҷорӣ дар Бишкек доир мегардад, иштирок мекунанд. Бино ба маълумоти  Вазорати иқтисоди Қирғизистон, дар ҷаласа вазъи муҳити савдо […]

ASIA-Plus



Намояндагони воломақоми мақомоти давлатии Қирғизистон, ИМА, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои Созишномаи қолабӣ оид ба савдо ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва ИМА (TIFA), ки аз 4 то 6 апрели соли ҷорӣ дар Бишкек доир мегардад, иштирок мекунанд.

Бино ба

маълумоти

 Вазорати иқтисоди Қирғизистон, дар ҷаласа вазъи муҳити савдо ва сармоягузорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масоили марбут ба сармоягузориҳо, содда гардонидани расмиёти савдо миёни кишварҳои иштирокчии TIFA, дастрасии молу маҳсулоти кишварҳои иштирокчии Созишнома мутобиқи Низоми генералии имтиёзоти ИМА барои кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва ҳамчунин густариши имконоти иқтисодии занон ва мусоидат ба соҳибкори миёни занон баррасӣ мешавад.

«Гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои гумрук, меъёрҳо, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ аз пешрафти ҳосилшуда дар ин самтҳо натиҷагирӣ ва вазифаҳо дар соли минбаъдаро тарҳрезӣ менамоянд», – омадааст дар маълумот.

Дар Созишномаи TIFA  таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон (Афғонистон мақоми нозирро дорад) пешбинӣ шудааст. Созишнома ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳам бо ИМА ва ҳам байни кишварҳои минтақа нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.