Gallup: 31%-и тоҷикистониён Сурияро хатари асосӣ ба кишвар медонанд

Ҳудуди 31-и тоҷикистониён Сурияро хатари нисбатан бештар ба кишвари худ донистаанд. Дар таҳқиқоти хадамоти маъруфи амрикоии омӯзиши афкори умум Gallup қайд мешавад, ки 15%-и шаҳрвандони мавриди пурсиш қароргирифтаи Тоҷикистон нигаронии худро ба «Давлати исломӣ» изҳор намудаанд. Назарпурсии иҷтимоӣ нишон додааст, ки сокинони қисмати шарқии Аврупо ва кишварҳои узви ИДМ Русия ва ИМА-ро сарчашмаи асосии хатару […]

ASIA-Plus



Ҳудуди 31-и тоҷикистониён Сурияро хатари нисбатан бештар ба кишвари худ донистаанд.

Дар

таҳқиқоти

хадамоти маъруфи амрикоии омӯзиши афкори умум Gallup қайд мешавад, ки 15%-и шаҳрвандони мавриди пурсиш қароргирифтаи Тоҷикистон нигаронии худро ба «Давлати исломӣ» изҳор намудаанд.

Назарпурсии иҷтимоӣ нишон додааст, ки сокинони қисмати шарқии Аврупо ва кишварҳои узви ИДМ Русия ва ИМА-ро сарчашмаи асосии хатару таҳдид мешуморанд.

Ҳамин тариқ, сокинони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар посухҳои худ аксаран зикр кардаанд, ки сарчашмаи асосии хатар Русия аст. Аз ҷумла, 69%-и лаҳистониҳо (полшагиҳо), 58%-и эстонҳо ва 57%-и аҳолии Руминия чунин ибрози назар кардаанд. Аммо 39%-и юнониҳо қайд кардаанд, ки нисбат ба Русия ва ИМА бештар аз Олмон нигаронанд.

Сокинони кишварҳои узви ИДМ дар навбати аввал ИМА-ро сарчашмаи хатару таҳдид унвон кардаанд. Дар ин назарпурсӣ назари сокинон гуногун аст. Масалан, дар Украина 52%-и пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки Русия хатари асосӣ аст, вале дар Беларус, Қирғизистон ва Қазоқистон ИМА-ро (мутаносибан 44%, 36% ва 33%) душмани аз ҳама хатарнок донистаанд.

Дар Туркманистон на аз Русия ва ИМА, балки аз Афғонистон (51%) ва дар Тоҷикистон аз Сурия (31%) ҳарос доштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.