Моликони терминалҳои пардохт ба гирифтани иҷозатнома уҳдадор шуданд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якдилона ва бидуни баррасӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро дастгирӣ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки тағйироти мазкур операторони терминалҳои пардохтро ба гирифтани иҷозатнома аз Бонки миллӣ уҳдадор мекунад. […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якдилона ва бидуни баррасӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро дастгирӣ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки тағйироти мазкур операторони терминалҳои пардохтро ба гирифтани иҷозатнома аз Бонки миллӣ уҳдадор мекунад.

Ба гуфтаи раиси БМТ, имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор 900 нафар моликони терминалҳои пардохт мебошанд, ки терминалҳоро харида, онҳоро дар нуқтаҳои дастрас барои аҳолӣ гузоштаанд.

Тағйироти қабулшуда ҳамчунин ташкилотҳои қарзиро, ки ба мизоҷон бо усули «бонкинги исломӣ» хизматгузорӣ пешниҳод карданианд, низ аввал ба гирифтани иҷозатнома аз Бонки миллӣ уҳдадор месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.