Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо барои воқиф шудан аз асли воқеа оид ба худкушӣ даст задани Раҳимова Мафтуна бо тифли шашмоҳааш, ки рӯзи 2 апрел худро ба дарёи Кофарниҳон партофт, ба ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ваҳдат сафар намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи мазкур, зимни сафар Қосимзода Идигул Тағо бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хонаводаи марҳум ва аҳолии маҳалли ҳодисаи рӯҳдода вохӯрии судманд гузаронидааст.
Гуфта мешавад, баъди воқиф шудан аз асли воқеа раиси Кумита ҳангоми суханронӣ аз хешу ақрабо, сокинони маҳал, онҳоро ба арҷ гузоштан ба суннату ананаҳои аҷдодӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ, муҳаббати самимӣ доштан ба аъзоёни хонавода, бетараф набудан дар мушкилоти якдигар, ҳамчун фарзанд қабул намудани келину домод ва зоҳир намудани муҳаббати самимии падаронаю модарона нисбати онҳо, ободкориву созандагӣ ва мустаҳкаму солим нигоҳ доштани оилаҳо, шукргузорӣ намудан аз ободиву осудагии Ватани биҳиштосо ҳидоят намудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Ваҳдат Мафтуна Раҳмонова, як ҷавонзан бо тифли нимсолааш
худро ба дарёи Кофарниҳон афканд
. Наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро дар қаламрави деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт намуданд.





