Кэмерон саҳмдор буданаш дар офшорро то нахуствазирӣ эътироф кард

Нахуствазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон дар ширкати офшории падараш Blairmore Holdings саҳмдор буданашро то ба мартабаи нахуствазирӣ расидан эътироф карда, изҳор намуда, ки онҳо бо ҳамсараш саҳмияҳои ин ширкатро ба маблағи беш аз 30 ҳазор фунт фурӯхтаанд. Вақте «асноди Панама» чоп шуд, нахустин вокуниши дафтари нахуствазир он буд, ки масъалаи ширкати яке аз мудирони ширкат […]



Нахуствазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон дар ширкати офшории падараш Blairmore Holdings саҳмдор буданашро то ба мартабаи нахуствазирӣ расидан эътироф карда, изҳор намуда, ки онҳо бо ҳамсараш саҳмияҳои ин ширкатро ба маблағи беш аз 30 ҳазор фунт фурӯхтаанд.

Вақте «асноди Панама» чоп шуд, нахустин вокуниши дафтари нахуствазир он буд, ки масъалаи ширкати яке аз мудирони ширкат будани Иан Кэмеронро «кори шахсӣ» эълон карда, сипас зикр гардид, ки нахуствазир дар ширкат молики саҳмия нест.

Баъдан худи Кэмерон изҳор кард, ки «ҳеҷ гуна саҳмия надорад» ва бо «маоши нахуствазир ва баъзе амонатҳо, ки аз он фоизҳо мегирад ва даромад аз иҷораи манзилаш, ки айни ҳол ӯ дар он зиндагӣ намекунаду  бо оилааш дар Даунинг стрит» иқомат дорад, кору зиндагӣ дорад».

Аммо каме баъдтар нахуствазири Британияи Кабир аллакай эътироф намуд, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш дар ширкати офшории аз ҷониби падараш таъсисдода молики ҳисса буда, ин ҳиссаро соли 2010 фурӯхтаанд ва аз он ҳудуди 30 ҳазор фунт (тақрибан 42 ҳазор доллар) ба даст овардаанд.

Асноди аз ҷониби фирмаи ҳуқуқии Mossack Fonseca-и Панама интишоршуда ба даст доштани як зумра сарони кишварҳои ҷаҳон ва наздикони онҳо ба муомилоти вобаста ба офшорҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Аз ҷумла дар маводи интишоршуда аз ҷониби Sueddeutsche Zeitung-и Олмон падари марҳуми нахуствазир Иан Кэмерон ба сифати яке аз мудирони бритониёии ширкати Blairmore Holdings зикр мешавад. Ин фонди офшорӣ соли 1980 таъсис ёфта, тавассути он гӯё бритониёҳои сарватманд аз андозбандӣ худро канор мегирифтаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.