Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаи пойтахт



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев протоколи комиссияи махсуси озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар соли 2015» дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шаҳрдории пойтахт, мутобиқи натиҷаҳои озмун «Душанбе-Серена» – беҳтарин меҳмонхона, «Мерве» – беҳтарин тарабхона ва «Сирдарё» – беҳтарин ошхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2015 дониста шудаанд.

Дар ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки имсол санаи 16 апрел таҷлил мегардад, раиси шаҳри Душанбе шахсан ғолибони озмунро бо диплом, ҷомҳои махсус ва дигар туҳфаҳо сарфароз мегардонад.

spot_imgspot_img

Популярное