Ошкор шудани ҷинояти ғоратгарии соли гузашта дар Душанбе содиршуда

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ афроди дастдошта ба ҷинояти ғоратагии дар соли гузашта содиршударо ошкор намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  миёнаҳои моҳи октябри соли 2015 дар назди яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ саҳари барвақт аз пайи корҳои худ мерафт. Баногоҳ ду ҷавони тахминан 19-20-сола ба […]



Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ афроди дастдошта ба ҷинояти ғоратагии дар соли гузашта содиршударо ошкор намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  миёнаҳои моҳи октябри соли 2015 дар назди яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ саҳари барвақт аз пайи корҳои худ мерафт. Баногоҳ ду ҷавони тахминан 19-20-сола ба ӯ наздик шуда, бо хишти дар дасташон буда, ду маротиба ба қисмати сараш зада, маблағҳои пулии дар дасташдошта – 22000 рубли Федератсияи Россия ва 100 доллари амрикоиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия пас аз чанд рӯзи ҳодисаи рухдода ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро дар гумонбарӣ ба ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд ва гумонбари дигар дар кофтуков қарор дошт.

Рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ ба кормандони милитсия муаяссар шудааст, ки гумонбари дигари ҷинояти мазкурро низ дастгир намоянд. Номбурда, марди 20-солаи сокини ноҳияи Ҳисор мебошад, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, муддати муайян аз ҷавобгарӣ мегурехт.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.