Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ



Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ»,  санаи 26 ва 27 апрели  соли ҷорӣ дар бинои Муассиса маҷлиси тантанавӣ ва «Семинари минтақавӣ оид ба низоми Шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ (PCT)»  баргузор намояд.

Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, аъзоёни Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди  соҳаи  моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтироъкорону навоварон, намояндагони патентӣ, донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишгоҳҳои олии кишвар, меҳмонон аз идораҳои патентии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ширкат менамоянд.

Мақсади асосии баргузор намудани семинар пешниҳоди маълумот дар бораи моҳияти Шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ,  яке аз низомҳои мусоидаткунандаи ҳифзи ихтироотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад.

Дар назар аст, ки дар маҷлиси тантанавии чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ» -26 апрел,   як қатор ихтироъкорону навоварон, донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишгоҳҳои олии кишвар ва кормандони Муассиса бо «Ифтихорнома»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

spot_imgspot_img

Популярное