Оғози парванда бо далели тирпарронӣ ба як тоҷик дар Русия рад шуд

Ксения Белоглазова, ҳамсари Ҷумъахон Каримов, таксирони тоҷик дар вилояти Маскав, ки ба сӯяш аз аслиҳа тир парронида буданд, иттилоъ додааст, ки мақомоти пулис оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати афродеро, ки ба сӯи ҳамсари ӯ аз аслиҳа оташ кушода буданд, рад кардааст. Бино ба иттилои сомонаи ташкилоти ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», се нафари ба Ҷумъахон Каримов ҳамлакарда […]

ASIA-Plus



Ксения Белоглазова, ҳамсари Ҷумъахон Каримов, таксирони тоҷик дар вилояти Маскав, ки ба сӯяш аз аслиҳа тир парронида буданд, иттилоъ додааст, ки мақомоти пулис оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати афродеро, ки ба сӯи ҳамсари ӯ аз аслиҳа оташ кушода буданд, рад кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи ташкилоти ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», се нафари ба Ҷумъахон Каримов ҳамлакарда шаҳрвандони Русия ва яке аз онҳо корманди пулис будааст.

Ин ҳодиса рӯзи 3 апрел дар ноҳияи Рузи вилояти Маскав рух дода, таксирони тоҷик мутобиқи фармоиш ба суроға ҳозир мешавад ва ин дам миёни ӯ ва се тан муноқиша бархоста, яке аз мизоҷон ӯро таҳқир мекунад. Сипас мизоҷи дигари ҳамроҳи ӯ аз аслиҳаи думила ба сӯи Ҷумъахон оташ кушода, вақте ки ӯ ба онҳо муқобилият нишон медиҳад, шахси оташкушода аслиҳаро партофта мегурезад.

Ба иттилои манбаъ, таскирони маҷрӯҳи тоҷик ба бемористон интиқол дода шуда, ба ҳамсари ӯ, шаҳрванди Русия лозим омадааст, ки барои харҷи сафари падар ва бародари Ҷумъахон аз Тоҷикистон ба Русия автомашинаашро фурӯшад. Айни замон ҳамсар ва наздикони Ҷ.Қаримов дар ҷустуҷӯи маблағ барои ҷарроҳии дуюм будаанд.

Гуфта мешавад, замони дар бемористон бистарӣ будани Каримов ҳамлагрон худашон ба шуъбаи пулис омада, изҳор доштаанд, ки ба онҳо як одами зодаи Осиё ҳамла карда, онҳо барои муҳофизати худ аз аслиҳа истифода бурдаанд. Яке аз ҳамлагарон корманди пулис аст, ки бо санаи пештар аз ҳодиса аз мақомоти барканор шудааст. Ҳамаи ҳамлагарон айни замон дар озодӣ қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.