Тоҷики дар Остона ба худкушӣ дастзада ба ватан оварда шуд

Шаҳрванди Тоҷикистон Абдулло Рӯзиев, ки дар пойтахти Қазоқитсон – шаҳри Остона даст ба худкушӣ заданӣ буд, имрӯз ба ватан расонида шуд. Дар ин бора ВАО бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон аввал ба шаҳри Алмаато оварда шуда, сипас аз он ҷо аз ҷониби намояндагии дипломатӣ бо хатсайри […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон Абдулло Рӯзиев, ки дар пойтахти Қазоқитсон – шаҳри Остона даст ба худкушӣ заданӣ буд, имрӯз ба ватан расонида шуд. Дар ин бора ВАО бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон аввал ба шаҳри Алмаато оварда шуда, сипас аз он ҷо аз ҷониби намояндагии дипломатӣ бо хатсайри мустақим ба Душанбе фиристода шудааст. Худи Рӯзиев барои сафар ҳеҷ маблағи пулие надоштааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми имрӯз, 27 апрел дар яке аз пулҳои пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона раҳгузарон мардеро дидаанд, ки яқинан

худро ба дарё партофтанӣ будааст.

Вақте бо ин мард ҳамсуҳбат мешаванд, ӯ мегӯяд, ки агар ба ӯ имкони вохӯрӣ бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистонро диҳанд, аз қасди худкушиаш даст мекашад.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, маълум шудааст, ки Абдулло Рӯзиеви 36-сола зодаи ноҳияи Мастчоҳ буда, бидуни пулу воситаи рӯзгузаронӣ дар шаҳри Остона қарор доштааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.