Сӯхтор дар яке аз марказҳои савдои пойтахт

Дар маркази савдои «Далён»-и шаҳри Душанбе, воқеъ бо суроғаи хиёбони Борбад-111, рӯзи 30 апрел тахминан соатҳои 11-30 дақиқа сӯхтор сар зад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор майдони беш аз 20 метри болопӯши биноро фаро гирифта, ба оташнишонон дар муддати кӯтоҳ хомӯш кардани он муяссар шудааст. Гуфта мешавад, сабаби сар задани сӯхтор расиши […]

ASIA-Plus



Дар маркази савдои «Далён»-и шаҳри Душанбе, воқеъ бо суроғаи хиёбони Борбад-111, рӯзи 30 апрел тахминан соатҳои 11-30 дақиқа сӯхтор сар зад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор майдони беш аз 20 метри болопӯши биноро фаро гирифта, ба оташнишонон дар муддати кӯтоҳ хомӯш кардани он муяссар шудааст.

Гуфта мешавад, сабаби сар задани сӯхтор расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар гӯшаи эълонҳо (реклама) буда, зарари расонидашуда беш аз 5 ҳазор сомонӣ ва молу амволи аз оташ эмин нигоҳдошташуда зиёда аз 630 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.