Баррасии масъалаи ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони Тоҷиксодиротбонк дар Лондон

Иттилоияи расмӣ



Дар қароргоҳи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим, Муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев, муовинони Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ ва Умед Латифов, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ: Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Давид Григорян, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (КМБ), намояндагони ширкатҳои байналмилалии аудитории Ernst & Young ва Грант Торнтон, Раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”  Тоҷидин Пирзода, муовини аввали раиси бонк Қурбон Раҳматов, муовинони раиси бонк Онаҷон Рашидова ва Фирдавс Бердиев ва дигар мутахассисону коршиносон оид ба вазъи молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти он ҷаласа доир гардид.

Тавре аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, нахуст намояндаи ширкати байналмилалии Ernst & Young Зиё Салом Каёнӣ, ки вазъияти воқеии Тоҷиксодиротбонкро аз рӯи ҳисоботи ширкати аудитории Грант Торнтон баҳогузорӣ кардааст, муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки таъсири омилҳои буҳронӣ ба фаъолияти Тоҷиксодиротбонк чашмрас буда, ҷиҳати баромадан аз вазъияти мавҷуда чораҳои фаврӣ бояд андешида шавад.

Зикр гардид, ки бо мақсади ҳифзи эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар дар шароити таъсири омилҳои буҳронӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисоди мамлакат дастгирии бонкҳо тақазои замон аст. Ҳамаи иштирокдорон якдилона изҳор намуданд, ки Тоҷиксодиротбонк, ки яке аз бонкҳои низомсози кишвар аст, дар шароити кунунӣ ниёз ба дастгирии молиявӣ дорад. Аз ҷумла, бо роҳи сармоягузории иловагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳ вазъи фаъолияти бонк муътадил карда хоҳад шуд, то бонк тавонад уҳдадориҳои худро дар назди муштариён пурра ва бенуқсон иҷро намояд.

Дар навбати худ Раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷидин Пирзода нақшаи амалии солимгардонии фаъолияти бонкро пешниҳод намуд, ки аз тарафи иштирокдорони ҷаласа маъқул дониста шуд.

Зимни дастгирии стратегияи роҳбарияти Тоҷиксодиротбонк изҳор гардид, ки баъд аз ҷаласаи солонаи БАТР, ки 11 майи соли равон дар Лондон доир гардида, дар он роҳбарияти БМТ ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”ширкат меварзанд, масъалаи ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар сатҳи баланд баррасӣ хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.