Адвокат Ёров баргузории мурофиаро дар театр пешниҳод намуд

ASIA-Plus



Дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 10 май нисбати адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ба иштироки намояндагони васоити ахбори умум, сафорати ИМА ва дафтари САҲА-и муқими Тоҷикистон роҳ дода шуд, лекин ба журналистон сабти видео, аксбардорӣ ва сабти овоз иҷозат дода нашуд.

Дар мурофиа адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор намуд, ки баргузории мурофиаи ӯ дар театр беҳтар аст. «Мурофиаро дар Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ ё Театри драмавии русии ба номи Маяковский гузаронед, зеро дар он ҷойҳо толор муносибтар аст», – иброз дошт адвокат.

Парвандаро суди шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад, вале бинобар сабаби таъмири бинои суд, он дар толори бинои суди ноҳияи Фирдавсӣ шаҳр доир мегардад.

Ёров ба судя Асомиддин Бобохонзода муроҷиат намуда, барои шаффоф ва воқеъбинона баррасӣ шудани парванда дархост кард, ки он тариқи телевизиони «Шабакаи аввал» мустақиман намоиш дода шавад. «Агар парвандаи ман фармоиши сиёсӣ набошад, пас маро бояд ҳозир таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист ё ҷарима баста, сипас озод кунанд», – изҳор дошт Ёров.

Пас аз суханронии судшаванда ва муроҷиати ӯ, суд дархостҳои судшавандагон дар бораи рад кардани судя ва айбдоркунандаи давлатӣ, ивази толор ва озод кардани судшавандагон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зистро рад намуда, баргузории мурофиаи навбатӣ оид ба ин парвандаро ба санаи 13 май таъин кард.

Мурофиаи судӣ нисбати адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рӯзи 3 май дар толори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

оғоз гардида

, ҷаласаи навбатӣ ба санаи 10 май таъин шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр Ёров мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 307.1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров 29 сентябри соли гузашта баъди аз ҷониби ӯ таъсис дода шудани Кумитаи ҳимояи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Б.Ёров ҳамчунин шахси бовариноки раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд. Баъди як рӯзи изҳороти Б.Ёров оид ба нисбати аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ истифода шудани шиканҷа, ӯ ба қаллобӣ муттаҳам ва ба ҳабс гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...