Вазорати фарҳанг ҳунармандони театри Маяковскийро ба театри Лоҳутӣ фиристод

Мавзуна Абдуллоева



Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Театри драмавии русии ба Номи Вл. Маякрвский то аз таъмир бароварда шудани бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки ба ин бино кӯчонида мешавад, муваақатан лар бинои Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутфаъолият мекунад.

Намояндаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Анвар Раҷабов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо супориши ҳукумат давоми ҳамин ҳафта қисмате аз молу амволи театри Маяковский аллакай ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон» бурда шудааст, вале чун дар бинои кинотеатр алҳол шароити лозима вуҷуд надорад, тасмим гирифта шудааст, ки спектаклҳои худро ҳунармандони театри Маяковский дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоиш медиҳанд.

«Ба ҳар ҳол, кинотеатр театр нест, айни замон ба таъмири ҳуҷраҳои корӣ ва утоқҳои ороиш дастур дода шудааст, яъне то ки барои фаъолияти театр тамоми шароитҳо фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин оид ба омодасозии саҳна, ороишу лавҳаҳо ва ғайра низ корҳо идома доранд. Барои ҳамаи ин воситаҳои молиявӣ заруранд, аммо то ҳанӯз маблағи дақиқ барои ин корҳо номаълум аст. Ҳозир мо ба ҳамин кор машғулем», – иброз дошт Раҷабов ва илова намуд, ки минбаъд кӯчонидани театри ба номи А.Лоҳутӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе, бинои театри ба номи Вл. Маяковский дар маркази шаҳр, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад. Ин қарор миёни ҷомеа сарусадоҳои зиёд ба бор оварда, фаъолон бо дархости нигаҳдории ин бинои таърихӣ барои Тоҷикистон, ба ҳукумат ва президент муроҷиат намуданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар изҳороти худ

дар ин робита далел овард

, ки ин бинои якошёна дорои танҳо 300 ҷой мебошад ва барои театри замонавӣ мувофиқ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷои нишаст аст, кӯчонида мешавад ва фаъолияташро идома мебахшад.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маълумот дар бораи арзиши бостониву меъморӣ доштани 15 иншоот дар шаҳри Душанберо

рад кард

.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...