Тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ 209 ҳазору 788 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз камтар аст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, аз шумори умумии шаҳрвандони кишвар, ки давоми моҳҳои январ-апрели соли 2016 ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ҳудуди 27 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон мисли пешин Русияро макони муҳоҷирати корӣ интихоб намуда, аз шумории умумии тоҷикистониён, ки имсол муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд, беш аз 4 ҳазор нафарашон ба Қазоқистон раҳсипор шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳудуди 86 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ба ватан баргаштаанд, ки наздики 9,5 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.





