Интиқоли ҷасадҳои тоҷикони дар Маскав кушташуда ба ватан

Ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон – Сӯҳроб Хушакови 26-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола субҳи 18 май тавассути ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Душанбе оварда шуд. Ин се зодаи Роғун рӯзи 14 май дар занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шуданд. Бино ба иттилои радиои Озодӣ , барои қабули тобутҳо Сумангул Тағозода, вазири […]

ASIA-Plus



Ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон – Сӯҳроб Хушакови 26-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола субҳи 18 май тавассути ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Душанбе оварда шуд. Ин се зодаи Роғун рӯзи 14 май дар занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шуданд.

Бино ба иттилои

радиои Озодӣ

, барои қабули тобутҳо Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буд.

Рӯзи 17 май сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав Иброҳим Аҳмадов

хабар дода буд

, ки мақомоти Тоҷикистон баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои дар занозании оромгоҳи Хованское кушташудаи тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Котиби сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ як рӯз пеш ба хабарнигории РИА Новости

изҳор дошта буд

, ки пас аз ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав 21 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон раҳо шудаанд.

Суди Шербинскии Маскав рӯзи 17 май ба 22 нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав

ба муҳлати 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ

ҷазо таъин кард.

Бино ба маълумоти 

ТАСС

 бо истинод ба котиби матбуотии суди Шербинск Светлана Бахтина, ду нафар қонуншиканон шаҳрвандони Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов 

талаб намуд

, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.