Машқҳои бузургмиқёси воҳидҳои КҲФ ва МГ дар Норак

Дар заминаи нақшаи чорабинихои асосии Кумита оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2016 дар шаҳри Норак машқи мукаммали мудофиаи граждании воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ҷараён дорад, ки то 20-уми май идома меёбад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, […]

ASIA-Plus



Дар заминаи нақшаи чорабинихои асосии Кумита оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2016 дар шаҳри Норак машқи мукаммали мудофиаи граждании воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ҷараён дорад, ки то 20-уми май идома меёбад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, машқи мазкур дар доираи мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай, омадани сел ва хавфи зери об мондани ҳудуди ҷамоатҳои деҳот» доир мегардад.

Гуфта мешавад, машқи мазкур бо эълон намудани бонги ҷамъшавӣ барои ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр оғоз гардида, дар он масъулини хадамотҳои мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҷалб гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.