Охирин имкони дастёбӣ ба роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзани тоҷик

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки аз 19 то 27 май дар маҷмааи варзишии «Барис – Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор мешавад, беш аз 320 варзишгар аз 73 кишвар ширкат меварзад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпииҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ ду муштзан – Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки аз 19 то 27 май дар маҷмааи варзишии «Барис – Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор мешавад, беш аз 320 варзишгар аз 73 кишвар ширкат меварзад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпииҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ ду муштзан – Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова – намояндагӣ мекунанд.

 Бобоҷон Маҳмадрасулов, дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон, рӯзи 18 май дар ин робита гуфтааст: “Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар вазни то 60 кило ва Шоира Зулқайнарова, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, дар вазни то 75 кило рақобат мекунанд. Варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Яъне муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзан маҳсуб мешавад».

Ба иттилои Маҳмадрасулов дар даври муқаддамотӣ Мавзуна Чориева бо варзишгари Тайван Вен-Линг Чен бегоҳи панҷшанбеи 19 май вориди рақобат мешавад. Дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило ҳамагӣ 47 муштзан иштирок мекунад. Шоира Зулқайнарова бошад, 19 май, баъди нисфирӯзӣ, дар нахустин даври мусобиқа бо Сараҳ Шеурих аз Олмон қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило ҳамагӣ 34 муштзан ширкат меварзад.

Гуфта мешавад, маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи “Барис – Арена”-и Остона бегоҳи 19 май баргузор хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба назари коршиносон дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон чунин муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британияи Кабир) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.